Предыдущая публикация
Агар дил аз ғами дунё ҷудо тавонӣ кард,
Нишоту айш ба дори бақо тавонӣ кард.
В-агар ба оҳи риёзат бароварӣ нафасе,
Ҳама қудрати дилро сафо тавонӣ кард.
Зи манзилоти ҳавас гар бурун ниҳӣ гоме,
Нузул дар зарами кибриё тавонӣ кард.
В-агар зи ҳастии худ бигзарӣ, яқин медон,
Ки аршу фарши фалак зери по тавонӣ кард.
Валекин ин амали раҳравони чолок аст,
Ту нозанини ҷаҳонӣ, куҷо тавонӣ кард?
На дасту пои амалро фурў тавонӣ баст,
На рангу бўи ҷаҳонро раҳо тавонӣ кард.
Чу Буалӣ бибур аз ҳалқу гўшае бигрез,
Магар, ки хўи дил аз халқ во тавонӣ кард.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев