Гуфт:
- Он ки неъмати дунё ба уқбо (он дунё) нагузинад!
Гуфтанд:
- Тавонгартар кист?
Гуфт:
- Он ки аз ақл тавонгартар аст!
Гуфтанд:
- Шараф чист?
Гуфт:
- Воҷиб гардонидани миннатҳои хеш дар гардани мардумон!
Гуфтанд:
- Чист, ки онро ҷўянд ва касе надонад ва нашиносад?
Гуфт:
- Оқибати корҳо!
Гуфтанд:
- Чӣ ширин аст, ки оқибат чашандаи худро бикушад?
Гуфт:
-Ҳасад!
Гуфтанд:
- Кадом биност, ки ҳаргиз хароб нашавад?
Гуфт:
-Адл!
Гуфтанд:
- Кадом талхӣ бошад, ки охир ширин гардад?
Гуфт:
- Сабр!
Гуфтанд:
- Кадом ширин бошад, ки оқибат талх гардад?
Гуфт:
- Шитоб!
Гуфтанд:
- Кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз кўҳна нагардад?
Гуфт:
- Номи нек!
Гуфтанд:
- Кадом душман аст, ки аз ҳамаи дўстон гиромитар (азизтар) аст?
Гуфт:
- Нафс!
Гуфтанд:
- Кадом беморӣ аст, ки мардум аз илоҷи он оҷиз оянд?
Гуфт:
- Аблаҳӣ!
Гуфтанд:
- Кадом балоест, ки мардум аз он бало нагурезанд?
Гуфт:
- Ишқ!
Гуфтанд:
- Кадом баландӣ аст, ки аз ҳамаи пастиҳо пасттар аст?
Гуфт:
- Кибр - ғурур!
Гуфтанд:
- Кадом пироя аст, ки бар марду зан некўст?
Гуфт:
- Ростӣ ва покӣ!
Гуфтанд:
- Хоб чист?
Гуфт:
- Марги сабук!
Гуфтанд:
- Марг чист?
Гуфт:
- Хоби гарон!
Гуфтанд:
- Чӣ чиз аст, ки ҳама хуррамӣ аз ўст?
Гуфт:
- Сухани бузургон!
Гуфтанд:
- Он чӣ роҳ аст, ки вайро ҳеҷ рўи офият нест?
Гуфт:
- Зулм бар мазлумон ва бечорагон!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев