Бар рӯи мо нигоҳи Худо ханда мезанад,
Ҳарчанд раҳ ба соҳили лутфаш набурдаем.
Зеро чу зоҳидони сияҳкори хирқапӯш,
Пинҳон зи дидагони Худо май нахӯрдаем.
Пешонӣ ар зи доғи гуноҳе сияҳ шавад,
Беҳтар зи доғи мӯҳри намоз аз сари риё.
Номи Худо набурдан аз он беҳ, ки зери лаб,
Баҳри фиреби халқ бигӯӣ "Худо" -" Худо" !
Тӯфони таъна хандаи моро зи лаб нашуст,
Кӯҳему дар миёнаи дарё нишастаем.
Чун сина ҷои гавҳари яктои ростист,
З - ин рӯ ба мавҷи ҳодиса танҳо нишастаем.
Моем мо, ки таънаи зоҳид шунидаем,
Моем мо, ки ҷомаи тақво даридаем.
Зеро даруни ҷома ба ҷуз пайкари фиреб,
З -ин ҳодиёни роҳ ҳақиқат надидаем.
Он оташе, ки дар дили мо шӯъла мезанад,
Гар дар миёни домани шайх уфтода буд,
Дигар зи мо, ки сӯхтаем аз шарори ишқ,
Номи гуноҳкораи расво надода буд.
Бигзор то ба таъна бигӯянд мардумон,
Дар гӯши ҳам ҳикояти ишқи мудоми мо.
"Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо"
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев