Предыдущая публикация
Бозигари рӯзагорро қоидаест,
Дар хилқати офарида з-ӯ фоидаест.
Некутари фаҳм дар ҷаҳон дониши ӯст,
Ҳар чи ки, атост фаҳмро он мойидаест.
*** *** ***
Оҳaм ту ато, ки ҷуз бароят накашам,
Бори ғаму дард ба ҷуз Худоят накашам.
Лутфу карамат қавист ай манъбаи ҷуд,
Он оҳ диҳӣ, ки ҷуз бароят накашам.
*** *** ***
Маштоб дилам бар он, ки набвад ба ризот,
Кам дор ба хотирам, ки набвад ба Худот.
Лутфу карамам ато кун ай махзани ҷуд,
Он сар мадиҳам ба тан, ки набвад ба фидот.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев