Шаш тараф ҳама Қайсар ҳазрати Масеҳо ку?
Мисли ин ки боз аз нав “Шоми охир” аст, бишнав
Ҳазрати Масеҳ гӯяд ёри мо Яҳудо ку?
Обу нони ин даргоҳ ҳалқу меъда меҷӯяд
Суфраи карам паҳн аст, соҳиби тақозо ку?
Аз паси ҳама асмо лафзи муъмину дин аст
Сад дареғу сад афсус исми бомусамо ку?
Дар вуҷуди пур аз кин дину мазҳабу оин
Манбаи табарро шуд, маншаи тавалло ку?
Ҳарфи Ӯву ин оин марҷаи умеду бим
Ҳарфи мо фақат бим аст, қисмати тасалло ку?
Ҷой хор бояд хор, ҷой гул чаро хорем?
Ирси мо фақат қаҳр аст, ҳиссаи мадоро ку?
Иртибот кас бо кас худ нишони инсон аст
Соҳиби забони зӯр вожаи таманно ку?
Халқ пеши баъзеҳо, ҳалқ медиҳад маъно
Ин сухан муаммо шуд, шореҳи муаммо ку?
(Парвонашоҳи Фаррухзод)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев